Феврал 26, 2018 13:37 Asia/Dushanbe
  • Дардисари надонистани баҳои нон барои нахуствазири Лубнон

Посухи иштибоҳи нахуствазири Лубнон ба пурсише дар бораи қимати як баста нон дар кишвараш вокуниши интиқодии лубнониҳоро дар фазои маҷозӣ дар пай дошт.

Ба гузориши ИРНА, Саъд Ҳарири дар барномаи телевизионие, ки якшанбешаб аз шабакаи МТВ-и Лубнон пахш шуд, дар ҷамъи теъдоде аз донишомӯзон ҳозир шуд ва ба пурсишҳои онҳо посух дод.

Дар бахше аз ин барнома яке аз донишомӯзон аз Ҳарири қимати як баста нонро пурсид, ки ӯ пас аз диранге бо тардид посух дод: “500 лира”, аммо донишомӯз дар посух гуфт, ки қимати нон ҳазору 500 лира (муодили як доллар) аст.

Посухм иштибоҳм Ҳарири вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт ва боис шуд бисёре аз лубнониҳо ӯро ба боди интиқод бигиранд.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бехабарии Ҳарири аз қимати нон дар кишварашро нишонаи дурии ӯ аз мардуми Лубнон донистанд.

 Онон муътақиданд, нахуствазире, ки аз қиматҳо дар кишвараш беиттилоъ аст, наметавонд эҳсоси фақиронро дарк кунад.

Бархе низ бо киноя навиштанд: “Аҷиб нест, ки “шайх Саъд” қимати нонро намедонад, зеро мо низ қимати ҳавопаймои шахсиро намедонем”.

Бо ин ҳол бархе аз лубнониҳо низ аз Саъд Ҳарири дифоъ кардаанд.

Ба эътиқоди онҳо, агар Ҳарири мехост нишон диҳад, ки шахсияти комил ва бидуни нуқсе дорад, аз дастандаркорони барнома мехост то бахши қимати нонро ҳазф кунанд, аммо ӯ хоста то шахсияти воқеияшро ба намоиш гузорад.