Феврал 27, 2018 22:07 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи Муҳаммад бен Салмон, хостаи мардуми Яман

Мардуми Яман бо таҷаммуъ баробари дафтари Созмони милал дар пойтахти ин кишвар муҳокимаи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро хостор шуданд.

Гурӯҳе аз мардуми Яман асри душанбе бо ширкат дар ин тазоҳурот ва сар додани шиорҳое, Муҳаммад бен Салмонро ҷинояткори ҷангӣ хонданд.

Пеш аз ин низ мардуми Яман борҳо бо баргузории тазоҳурот баробари дафтари Созмони милал дар Санъо, ҳамлаи Арабистон ба кишварашон ва муҳосираи золимона ва баста шудани гузаргоҳҳои Яманро маҳкум карданд.

Ҳамзамон бо ин тазоҳурот, ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ дар 10 навбат устони Ҳеҷа дар шимоли ғарб ва устони Саъда дар шимоли Яманро бомбборон карданд.

Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман низ як дастгоҳ мошини ҳомили муздурони вобаста ба Саудиро дар ҷибҳаи Алмаҳошма дар устони Алҷавф бо истифода аз бомб мунфаҷир карданд ва шуморе аз ононро ба ҳалокат расонданд.