Эҳтимоли фурӯпошии сиёсии минтақаи Курдистони Ироқ
(last modified Wed, 28 Feb 2018 04:56:27 GMT )
Феврал 28, 2018 09:56 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли фурӯпошии сиёсии минтақаи Курдистони Ироқ

Намояндаи ҷамоати исломии Курдистони Ироқ дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, дар сурати идомаи авзои кунунӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, ин минтақа дар маърази фурӯпошии сиёсӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи Курдпресс, Шван Робер дар гуфтугӯ бо “Ассуммария - нюз” изҳор дошт, Курдистони Ироқ дар пайи баргузории ҳамапурсӣ дар соли гузашта бо мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.

Намояндаи ҷамоати исломии Курдистон дар Маҷлиси намояндагони Ироқ бо таъкид бар ин ки вазъияти маишатии шаҳрвандони минтақаи Курдистони ин кишвар бад аст ва сатҳи фақру бекорӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, афзуд, ин авзоъ бар ваҳдат байни аҳзоби Курдистон таъсир гузошта ва сабаб шудааст, ки онҳо натавонанд листи интихоботи муштарак ташкил диҳанд.

Намояндаи ҷамоати исломии Курдистон дар Маҷлиси намояндагони Ироқ изҳор дошт, мардуми Курдистони Ироқ аз авзои кунунӣ норозӣ ҳастанд, бинобар ин интихоботи парлумонии пешорӯ фурсати хубе барои анҷоми тағйироте дар нақшаи сиёсии Курдистони Ироқ ба шумор меравад.

Интихоботи парлумонии Ироқ қарор аст 12 –уми майи соли 2018 баргузор шавад.