Феврал 28, 2018 12:40 Asia/Dushanbe
  • СММ: Шароити зиндагӣ дар Яман фоҷеабор шудааст

Масъули амалиёти кумакрасонии Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, шароити зиндагӣ дар Яман ба иллати ҷанги Арабистон ва бо таваҷҷуҳ ба афзоиши хатари қаҳтӣ ва вабо, фоҷеабор шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ҷон Ҷинг, масъули амалиёти кумакрасонии СММ дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Яман гуфт, пас аз гузашти се сол аз ҷанги Яман, шароит дар ин кишвар фоҷеабор шудааст.

 Ба гуфтаи вай, аз ноябри соли гузашта бо таваҷҷуҳ ба ин ки сад ҳазор нафари дигар манозили худро тарк кардаанд, ин вазъият вахимтар ҳам шудааст.

Ҷон Ҷинг изҳор дошт, дар Яман 22 миллиону 200 ҳазор нафар ба кумакҳои ғизоӣ ниёз доранд, ки аз ин теъдод ҳашт миллиону 400 ҳазор нафар дар остонаи қаҳтӣ қарор доранд.

 Масъули амалиёти кумакрасонии СММ афзуд, аз апрели соли 2017 то кунун як миллиону сад ҳазор нафар дар Яман ба бемории вабо мубтало шудаанд ва ин беморӣ нахустин бор аз соли 1982 то кунун вахим шудааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико дар соли 2015 ба Яман ҳамла карда ва сипас ин кишварро таҳти муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ қарор додааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман то кунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.