Тарҳи ҷадиди Бағдод барои нобудии боқимондаи ДИИШ
Нахуствазири Ироқ аз оғози тарҳи ҷадиди Бағдод барои таъқиб ва нобудии боқимондаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳайдар Ибодӣ хотирнишон кард, дар тарҳи ҷадид талошҳои иттилоотӣ дар авлавият қарор дорад ва нерӯҳои ироқӣ то поксозии комили терроризм, ба амалиёти худ идома хоҳанд дод.
Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сурати пароканда даст ба иқдомоти террористӣ мезананд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 бо ҳимоятҳои молӣ ва низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ ва арабии ин кишвар, аз ҷумла Арабистон бо ҳамла ба Ироқ ва ишғоли бахшҳои васее аз манотиқи шимолӣ ва ғарбии ин кишвар, ҷиноёти бешуморе анҷом дод.
Нерӯҳои ироқӣ бо кумакҳои мусташории Ҷумҳурии Исломии Эрон 17-уми ноябри соли 2017 муваффақ ба озодии шаҳри Рова дар ғарби Ироқ (охирин пойгоҳи ДИИШ дар Ироқ) шуданд, ки бо озодсозии ин шаҳр амалан кори ДИИШ дар Ироқ тамом шуд.