Март 04, 2018 14:50 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли густардаи таҷҳизоти артиши Туркия ба марзи Сурия

Матбуоти Туркия аз интиқоли густардаи таҷҳизоти низомии ин кишвар ба минтақаҳои ҳаммазр бо Сурия хабар доданд.

Ба гузориши рӯзномаи Юрт чоппи Туркия, беш аз 100 дастгоҳ худрав ҳомили таслиҳоти сангин, танка ва нерӯҳои низомӣ дар миёни тадбирҳои шадиди амниятӣ вориди вилояти Килисс дар ҷануби Туркия шуд.

Ин таҷҳизоти низомӣ дар чорчуби амалиёти "Шохаи Зайтун", ки дар шимоли ғарбии Сурия идома дорад ва барои расидан ба пойгоҳҳои марзӣ бо Сурия интиқол ёфт.

Дар ҳоле, ки Ситоди кулли артиши Туркия дирӯз шанбе аз тасаллути ҳафт минтақаи маскунӣ дар шаҳри Африн дар шимоли ғарби Сурия аз ҷумла шаҳраки роҳбурдии "Роҷу" хабар дод,  нерӯҳои маҳаллии курд тасаллути артиши Туркия бар ин минтақаро такзиб карданд.

Ин манбаъҳои курд ҳамчунин афзуданд: Ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия ҳамлаҳои худро ба ин минтақаҳо шиддат бахшида ва токунун шуморе аз нерӯҳои тарафдори Сурия бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Аз назари Сурия ҳамлаҳои аратиши Туркия бо номи "Шохаи Зайтун" , ки аз 20-уми январ дар шимоли ғарбии ин кишвар оғоз шуда таъаррузи ошкор ба ҳокимияти Димишқ унвон шудааст.

 

Барчасп