Август 28, 2016 13:39 Asia/Dushanbe
  • Киштии Ҳинд дар соҳилҳои Уммон ғарқ шуд

Расонаҳо хабар доданд, як киштии Ҳинд, ки ба Яман маводи ғизоӣ ва таҷҳизот мебурд, дар соҳилҳои Уммон ғарқ шудааст.

Ба гузориши "Форс", як киштии Ҳинд, ки ба Яман маводи ғизоӣ ва таҷҳизот мебурд, дучори сонеҳа ва ғарқ шуд.

Хабаргузории Фаронса хабар дод, рӯз шанбе як киштии Ҳинд, ки ба бандари ал-Макло, воқеъ дар шимолу шарқи Яман маводи ғизоӣ ва таҷҳизот мебурд, дар соҳилҳои Уммон ғарқ шуд.

Расонаҳои давлатии Уммон гузориш доданд, ин киштӣ аз бандари Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб озими бандари ал-Маклои Яман буд, ки дар обҳои баҳри Араб, дар соҳилҳои Уммон ба далели мушкилу нуқси фаннӣ дучори сонеҳа ва дар ниҳоят ғарқ шуд. Як расонаи Амороти Муттаҳидаи Араб иллати ғарқ шудани ин киштиро «бори беш аз андоза» донистааст.

Ба гузориши расонаҳои Уммон, бар иловаи сарнишин 11 ходими дигар низ савори ин киштӣ будаанд, ки тавассути нирӯҳои пулис ва моҳигирони Уммон наҷот ёфтаанд.