Март 07, 2018 22:02 Asia/Dushanbe
  • Мақоми фаластинӣ: Рафтори Трамп мисли рафтори говчаронҳо аст

Як мақоми фаластинӣ, рафтори раисҷумҳури Амрико бо фаластиниҳоро ба говчаронҳои амрикоӣ ташбеҳ кард, ки галлаеро ба самти кушторгоҳ мебаранд.

Муҳаммад Штаеҳ, мушовири Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин гуфт: “Рафтори Трамп бо фаластиниҳо мисл говчаронҳои амрикоӣ аст, ки галлаи говро ба маҳалле, ки танҳо як роҳи хуруҷ дорад, мебаранд ва шахсе бо шаллоқ галларо ба самти он роҳ ҳидоят мекунад. Сипас бо убури ҳар гов бо шокери барқ онҳоро ҳадаф қарор медиҳанд ва ба самти кушторгоҳ мебаранд”.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико ахиран дар баёнияе эълом кард, сафорати ҷадиди кишвараш 14 май дар шаҳри Қудс ифтитоҳ хоҳад шуд.

 

Барчасп