Шикояти Ташкилоти худгардони Фаластин аз Нетаняҳу ва Трамп
Манобеи Фаластин аз ироаи кайфархости расмии давлати Фаластин ба Девони байналмилалии кайфарӣ дар Лоҳа (ICC) ва баррасии иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ хабар доданд.
Ба нақл аз Қудс, Солеҳ Раъфат, узви аршади Ташкилоти худгардони Фаластин эълом кард, дар чанд рӯзи оянда Риёз Алмоликӣ, вазири хориҷаи Фаластин ба Лоҳаи Нидерланд сафар хоҳад кард, то кайфархостеро алайҳи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Авигдор Либерман, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ироа намояд.
Раъфат афзуд: Ҳамчунин шикояте алайҳи тасмими ахири Доналд Трамп дар мавриди Қудс ба Девони байналмилалии кайфарӣ дар Лоҳа ироа хоҳад шуд, чун ин тасмим бо тамоми қавонину қатъномаҳои байналмилалӣ дар таоруз аст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри 2017 Қудси шарифро пойтахти режими саҳюнистӣ эълом кард.
Беш аз ҳазору 200 фаластинӣ аз шашуми декабри 2017 боздошт шудаанд.