Конфронси «Эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннат» дар Миср
(last modified Tue, 13 Mar 2018 14:40:10 GMT )
Март 13, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Конфронси «Эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннат» дар Миср

Даҳумин конфронси солонаи «Эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннат» дар Донишгоҳи Аламансураи Миср баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Алосима», доктор Муҷоҳид Абулмаҷид, устоди Донишгоҳи Алмансура ва раиси ин конфронс гуфт, муҳимтарин ҳадаф аз ин конфронс нишон додани иртиботи наздики дини Ислом бо илму дониш аст. Ӯ афзуд, дини Ислом ҳамвора инсонҳоро ба фарогирии илм  даъват мекунад. Ҳамчунин доктор Абдуллоҳ Боусмон, мушовири дабири кулли Анҷумани ҷаҳонии китобу суннат зимни таъкид бар эъҷози илмӣ дар Қуръону ҳадис гуфт, Қуръони карим ва суннати набавӣ инсонро ба тааммулу тадаббур дар қудратҳои илоҳӣ ва ҳастӣ фаро мехонанд.

Дар ин конфронси дурӯза, ки рӯзи душанбе, 12-уми март кори худро оғоз кард, масъалаи эъҷоз дар мувоҷеҳа бо куфр баррасӣ шуд. Ҳамчунин 16 мақолаи аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо, марокизи пажуҳишии Миср ва теъдоде аз пизишкон дар ин конфронс ироа шуд.