Ироқ дар Наврӯз ду рӯз таътил дорад
Нахуствазири Ироқ ба муносибати Наврӯз ду рӯз таътилии расмӣ дар ин кишвар эълом кард.
Ба гузориши «Алолам», Ҳайдар Ибодӣ сешанбешаб дар баёнияе хотирнишон кард, аз рӯзи чаҳоршанбе ба муддати ду рӯз дар Ироқ ба муносибати Наврӯз таътили расмӣ хоҳад буд.
Иди Наврӯз ҳамасола дар бештари манотиқи Ироқ ҷашн гирифта мешавад.
Ироқиҳо дар айёми Наврӯз ба табиат мераванд ва дар Бағдод низ бӯстони бузурги «Аз-Зуваро» шоҳиди ҷамъомад ва барпоии ҷашнҳои наврӯзӣ аст.
Ин ҷашнҳо дар минтақаи Курдистони Ироқ дар сатҳи васеътаре баргузор мешаванд.
Иди Наврӯз дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад, аммо дар 9 кишвари Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин номи «Наврӯз» дар тақвими расмиашон таътил аст.