Март 26, 2018 20:31 Asia/Dushanbe

Дар севумин солгарди истодагӣ ва муқовимати мардуми Яман дар баробари мутаҷовизони Саудӣ, миллионҳо яманӣ бо ширкат дар тазоҳурот дар шаҳри Санъо, ҷиноятҳои Арабистон ва муздурони Саудиро дар Яман маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, мардуми Яман аз чанд рӯзи пеш аз вилоятҳои Саъда, Имрон, Ҳаҷҷа, Зумор, Таиз ва дигар вилоятҳои ҷанубӣ роҳии Санъо шуда буданд то дар ин гирдиҳамоии азим ширкат кунанд.

Солеҳ Ас-Самод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман дар ин таҷаммӯи густарда гуфт, мутаҷовизон барои тафриқаафканӣ байни мардум ва эҷоди ҳарҷу марҷ дар Яман талош мекунанд то заминаро барои ишғолгарии мустақими Амрико фароҳам оваранд.

Ас-Самод изҳор дошт, амрикоиҳо ба таври мустақим бар таҳоҷум ба Яман назорат доранд ва дар таҳоҷум ба Яман, ба вижа дар манотиқи соҳилӣ мушорикат мекунанд.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбиву арабии ҳампаймони Риёз, аз 25-уми марти соли 2015 таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишварро ба баҳонаи бозгардонидани Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии истеъфокардаи Яман ба қудрат оғоз кардааст.

Ин ҷанги нобаробар то кунун ҷуз куштори беш аз 15 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор ва овора шудани миллионҳо нафар ва вайронии зерсохтҳои ин фақиртарин кишвари арабӣ натиҷае надоштааст.