Фатвои нави Ваҳобӣ: Роҳнамоии коргари хорҷӣ ҳаром аст
Як мубалиғи Ваҳобӣ, ошно кардани коргарони хориҷии таҳти кафолати корфармои саудӣ, дар бораи ҳуқуқашон дар қиболи корфарморо ҳаром кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, Носир Алумар бо интишори фатвои нави соли ҷорӣ (2016), дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ташвиқи коргар ба тарки кор бо корфармо, ба қарордоди миён он ду, зарар мезанад ва бар ин асос, таҳрики коргарон, фасод ба шумор меравад ва ҳаром аст.
Ба навиштаи вебгоҳи Ватан, интишори ин фатво, вокунишҳои мутааддидеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб шуд.
Ин фатво, дар ҳоле матраҳ мешавад, ки зулму ситами корфармоёни саудӣ ба коргарони хориҷӣ ба вижа ҳиндӣ, ба чолише барои Арабистон табдил шудааст.
Корфармоёни саудӣ, бо истинод ба қонуни кафолат ва такя бар бе иттилоии коргарони хориҷӣ аз қавонин, онҳоро ба бардагони асир модерн табдил мекунанд.
Дар ин миён, талоши бархе аз корбарони саудӣ барои равшангарӣ дар бораи қавонин, ба муъзале барои корфармоёни саудӣ табдил шудааст, ба ҳамин сабаб фатвои Носир Алумар, бо истиқболи корфармоёни саудӣ мувоҷеҳ шуд.
Носир Алумар, шурути қарордод миёни коргар ва корфарморо дар ҳадди робитаи "зан ва шавҳар" ва "барда ва соҳиб" қаламдод кард ва ҳар гуна роҳнамоӣ ба коргар алайҳи корфарморо ба монанди шӯрондани ҳамсар алайҳи шавҳар шумурд, ки мӯҷиби аз ҳам пошидани бунёди хонавода мешавад.