Март 29, 2018 19:06 Asia/Dushanbe
  • Сисӣ дар қудрат боқӣ мемонад

Абдулфаттоҳ Сисӣ пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Миср муаррифӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, натоиҷи аввалияи шумориши орои интихоботи раёсатҷумҳурии Миср нишон медиҳад, Абдулфаттоҳ  Сисӣ, раисҷумҳури ин кишвар беш аз 90 дарсади ороро касб кардааст.

Мардуми Миср аз рӯзи душанбе ба муддати се рӯз барои интихоби раисҷумҳурии ин кишвар пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Ин интихобот бо ҳузури ду номзад, Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури кунунӣ ва Мӯсо Мустафо Мӯсо, номзади Ҳизби алғад баргузор шуд. Бархе шахсиятҳои мисрӣ ин интихоботро таҳрим карда буданд ва бисёре аз чеҳраҳои сиёсии Миср, аз ҷумла Аҳмад Шафиқ ва Самӣ Инон, ки бахти пирӯзӣ дар ин интихоботро доштанд, ба далели фишорҳои давлати Сисӣ натавонистанд номзад шаванд.

Бештари ҳизбу шахсиятҳои мухолифи мисрӣ интихоботи раёсатҷумҳурии Мисрро ба далели набудани рақиби ҷиддӣ барои Сисӣ иқдоми намоишӣ хондаанд.