Тавсияи мақоми яманӣ ба саудиҳо
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ба валиаҳди Арабистон ва кишварҳои эътилофи арабӣ-амрикоӣ тавсия кард, дар муҳосиботи худ алайҳи Яман таҷдиди назар кунанд.
Ба нақл аз Ирно, Муҳаммад Алӣ Алҳусӣ дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Алмаёдин гуфт: Тарафҳои ямании вобаста ба саудиҳо, ҳамакнун дар Риёз боздошт ҳастанд ва қодир ба тарҳи ҳеҷ пешниҳоде нестанд.
Вай дар бораи тадоруки даври ҷадиди музокироти сулҳ дар бораи Яман гуфт: Бархилофи музокироти гузашта, ки фиристодаи собиқи Созмони милал ба асли бетарафӣ пойбанд набуд, ҳаргуна музокира бояд созанда бошад.
Алҳусӣ афзуд: Бояд аз дахолатҳои Амрико ва ҳимоятҳои молии саудиҳо аз бархе тарафҳо, ки музокироти гузаштаро ба шикаст кашонданд, ҷилавгирӣ шавад.
Арабистон ва ҳампаймононаш бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 ҳамла ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишварро оғоз кардаанд.
Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман токунун ба кушта ва захмӣ шудани диҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.