Апрел 03, 2018 13:39 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Ас-Сиси ва идомаи раёсатҷумҳурии вай бар Миср

Абдулфаттоҳ Ас-Сиси бо касби 21 миллион раъй, муодили 97.08 дарсади оро, барои бори дувум ба унвони раиси ҷумҳурии Миср интихоб шуд.

Ҳайати миллии интихоботи Миср дар ҳоле аз интихоби Абдулфаттоҳ Ас-Сиси ба унвони раиси ҷумҳурии ин кишвар хабар дод, ки ин интихобот бидуни ҳузури номзадҳои зиёд ва қудратманд ва танҳо бо ҳузури Ас-Сиси ва Мӯсо Мустафо Мӯсо, номзади Ҳизби Ал-Ғад баргузор шуд.

Дар ин росто, бисёре аз аҳзоб ва шахсиятҳои мисрӣ ин интихоботро ба далели набуди рақиби ҷиддӣ барои Ас-Сиси , бештар як иқдоми зоҳирӣ донистанд ва шуморе аз шахсиятҳои мисрӣ бо баёни ин ки дар ин интихобот имкони рақобати солим ва шаффоф вуҷуд надорад, онро таҳрим карданд.

Агарчӣ натоиҷи ин интихобот ва пирӯзии Ас-Сиси дар чунин шароите қобили пешбинӣ буд, аммо бо эъломи расмӣ ва қатъии пирӯзии вай, Миср давраи сиёсии ҷадидеро дар пеш дорад. Ас-Сиси дар нахустин паёми худ пас аз эъломи расмии натиҷаҳо гуфт, миллати Миср бо интихобашон ба идомаи раванди сиёсии кунунӣ раъй доданд.

Ин дар ҳолест, ки мунтақидон ҳамчунон нигарони тангтар шудани озодиҳои маданӣ ва иҷтимоӣ, идомаи бархурдҳои хашин бо мухолифон ва аз байн бурдани онҳо, ҳамчунин эҳтимоли тағйири қонуни асосии ин кишвар барои идомаи қудрати Ас-Сиси ҳастанд.

Муттаҳидони Ас-Сиси, аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ аз пирӯзии дубораи вай ибрози хушҳолӣ карданд, зеро ба назар мерасад, Ас-Сиси ба унвони муттаҳиди Ғарб ва дар раъси онҳо Амрико, метавонад муҷрии бисёре аз сиёсатҳои онҳо дар минтақа бошад. Мавзӯе, ки бисёре аз соҳибназаронро нигарон кардааст. Бо ин ҳол мувофиқони давлат умедворанд, вай битавонад бо идомаи барномаҳояш шароити матлуберо барои Миср фароҳам созад.

Он чӣ мушаххас аст, ин ки Ас-Сиси дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии худ бо чолишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ аст. Ҷиҳод Хозин, коршиноси сиёсӣ дар ин бора мегӯяд: Ас -Сиси кори душворе барои пешрафти Миср пешорӯ дорад ва асоси он саркӯби терроризм ва шукуфосозии иқтисоди Миср аст.

 Дар бахши иқтисодӣ коҳиши даромадҳои туристӣ ва сармоягузории хориҷӣ ба далели буҳронҳои дохилӣ ва ноамниҳо, сабаби коҳиши рушди иқтисодӣ ва афзоиши бекориву фақр дар ин кишвар шудааст. Ас-Сиси беҳбуди шароити иқтисодиро ваъда додааст. Дар воқеъ вай умедвор аст, бо ҷазби кумак аз муттаҳидонаш шароити иқтисодиро дар ин кишвар беҳбуд бахшад. Бо ин ҳол Ас-Сиси бояд ислоҳоти иқтисодии бисёре низ дар ин кишвар анҷом диҳад.

Дар бахши низомӣ ва амниятӣ агарчӣ давлати Миср муваффақиятҳое дар мубориза бо терроризм касб карда, аммо ҳанӯз террористҳо дар бархе манотиқи ин кишвар ҳузур доранд.

Агарчӣ давлати Ас-Сиси дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ амалиёти фарогири “Сино 2018”- ро бо ҳадафи таъмини амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи Сино оғоз кард, аммо бисёре аз мунтақидон мегӯянд, ин манёврҳо ҷанбаи таблиғотӣ дошта ва вай дар мубориза бо терроризм роҳи душворе пешорӯ дорад.

 

Барчасп