Апрел 04, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди Кумитаи яҳудиёни Амрико аз Муҳаммад бен Салмон

Изҳороти валиаҳди Арабистон дар ҳимоят аз ташкили кишваре ба номи Исроил, шодии Кумитаи яҳудиёни Амрикоро ба дунбол дошт.  

Ба нақл аз Алъолам, Кумитаи яҳудиёни Амрико дар паёми твиттерӣ навишт: “Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон эълом кард, ки исроилиҳо ҳақ доранд, давлати худро дошта бошанд дар ҳоле, ки ҳеҷ раҳбари Саудӣ аз 70 сол пеш токунун ба чунин матлабе эътироф накарда буд”.

Муҳаммад бен Салмон дар мусоҳиба бо нашрияи амрикоии Атлантик, режими саҳюнистиро ба расмият шинохта ва ҳамчунин аз манофеи муштараки Арабистони Саудӣ ва Исроил сухан ба миён овардааст.  

Пештар маҷаллаи амрикоии The New Yorker низ ба нақл аз як мақоми собиқи ин кишвар навишта буд, давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрика ба дунболи ёфтани муздуре барои тағйир дар минтақаи Ховари Миёна буд ва тасмим гирифт, аз Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон ҳимоят кунад, то тағйири мавриди назари давлат Трампро дар минтақа эҷод кунад.

 

Барчасп