Апрел 06, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Оғози мусобиқаи варақбозӣ дар Арабистон бо ширкати мубаллиғони ваҳҳобӣ

Бо ҳимоят ва мушорикати шахсиятҳои динии Арабистон мусобиқоти саросарии варақбозӣ (картабозӣ) дар ин кишвар аз рӯзи чаҳоршанбе ба муддати панҷ рӯз оғоз шудааст. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, қарор аст, ин давраи мусобиқот то рӯзи ҳаштуми апрел идома ёбад.

Гуфта мешавад, мусобиқаи саросарии варақбозӣ дар қолаби чашмандози 2030 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ки тайи моҳои гузашта аз сӯйи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар бо ҳадафи эҷоди фазои бози иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ислоҳоти иҷтимоӣ дар Арабистон ва коҳиши вобастагии ин кишвар ба нафт рӯйнамоӣ шуд. Ба гузориши пойгоҳи аморотии “Erem news”, Одил ибни Солим ибни Саид Алкалбонӣ, яке аз мубаллиғони Саудӣ ва имоми ҷамоати намозҳои таровеҳи Масҷидулҳаром рӯзи чаҳоршанбе дар ин мусобиқот ҳузур ёфт.

Эъломи баргузории ин мусобиқот ва ҳимояти бархе аз муфтиҳои Арабистони Саудӣ аз мусобиқоти варақбозӣ ва ҳузури онҳо дар маросими ифтитоҳӣ вокуниш ва интиқоди тунди фаъолон ва корбарони фазои маҷозиро ба дунбол доштааст. Бархе аз корбарон зимни интиқод аз баргузории ин бозиҳо ва бетаваҷҷуҳӣ ба марокизи омӯзишӣ, сармоягузорӣ дар бахши омӯзишии Арабистони Саудиро беҳтар аз баргузории чунин бозиҳо донистаанд.

Арабистони Саудӣ дар ҳоле мусобиқоти варақбозиро ба сурати расмӣ баргузор мекунад, ки Абдулазиз ибни Боз, муфтии аъзами Арабистон (аз соли 1992 то 1999) гуфта буд, варақбозӣ аз мункирот ва аз абзорҳои лаҳву лаиб (беҳуда) аст, ки мӯҷиби тарки намоз ё таъхири он мешавад ва зарарҳояш барои ҳама маълум бештар аз манфиаташ аст.