Арабистон – коргардони намоиши истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Дума
Як манбаи мувассақи наздик ба шабакаи хабарии “Алъолам” пушти пардаи истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Думаи Сурияро фош кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алъолам”, ин манбаи мувассақ эълом кардааст, пас аз он ки мақомоти Сурия ба дархости Арабистон аз Димишқ дар бораи бозсозии комили Сурия дар муқобили ихроҷи нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ва Эрон аз ин кишвар посухи манфӣ доданд, Арабистон сенарияи истифодаи Сурия аз силоҳи кимиёӣ дар минтақаи Думаро тарроҳӣ кард. Манбаи огоҳ афзуд, мақомоти Саудӣ пас аз дидор бо як мақоми олирутбаи сурӣ дархости ихроҷи нерӯҳои меҳвари муқовиматро аз Сурия дар қиболи таъмини ҳазинаҳои бозсозии ин кишвар матраҳ карданд. Ин манбаъ гуфт, пас аз мухолифати Димишқ ба ин дархост Арабистон ба сарсупурдагони худ дар Дума, яъне гурӯҳи террористии мавсум ба “Ҷайшулислом” дастур дод, намоишномаи истифодаи давлати Сурия аз силоҳи кимиёиро иҷро кунанд ва “Ҷайшулислом” низ дар иҷрои ин дастур аз маводи кимиёии мавҷуд дар сохтмоне дар Дума истифода кард, то артиши Сурия ба истифода аз он муттаҳам шавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо амалӣ шудани ин сенария аз як тараф ҳамалоти расонаҳои ғарбӣ ва арабии мухолифи давлати Сурия мутаваҷҷеҳи Димишқ ва шахси Башор Асад шуд ва аз тарафи дигар Трамп пас аз тавҳин ба Башор Асад Русия ва Эронро таҳдид ба интиқомҷӯӣ карда, бархе аз мақомоти ғарбӣ низ бидуни таҳқиқ ва бо муттаҳам кардан давлати Сурия ба истифода аз силоҳи кимиёӣ дар нишасти фавқулоддаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ширкат карданд.
Доналд Трамп дар дидори чанд рӯз қабли худ бо Муҳаммад ибни Салмон идомаи ҳузури Амрикоро дар Сурия, ки хостаи валиаҳди Саудӣ буд, ба таъмини ҳазинаҳои ҷанг аз сӯйи Арабистон машрут карда буд.