Апрел 12, 2018 16:18 Asia/Dushanbe
  • Артиши Сурия Думаро озод кард

Вазорати дифои Русия хабар дод, артиши Сурия Думаро ба таври комил озод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Вазорати дифои Русия эълом кардааст, артиши Сурия, комилан шаҳри Дума, охирин мақари афроди мусаллаҳи Ҷайш-ул Ислом дар Ғӯтаи шарқиро таҳти контроли худ дароварда ва парчами Сурия ба нишонаи озодсозии комили Дума бар фарози биноҳои он ба эҳтизоз даромадааст.

Юрий Евтушенко, раиси Маркази русии оштӣ дар Сурия эълом кард, бозпасгирии комили Дума аз афроди мусаллаҳ ва поксозии тамоми Ғӯтаи шарқӣ аз ин афроди мусаллаҳ, эълом мешавад.

Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе эълом карда буд, ду ҳазор нафар аз афроди мусаллаҳ ва террористӣ ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон шаҳри Думаро тарк карда ва чаҳор ҳазор нафари дигар ба зуддӣ ин шаҳрро тахлия хоҳанд кард.

Дума дар шарқи Димишқ, танҳо шаҳре буд, ки ҳанӯз аз ҳузури террористҳо поксозӣ нашуда ва раванди ихроҷи аносури гурӯҳи Ҷайш-ул Ислом, ки таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ қарор дорад, ба далели ихтилофоти дохилии ин гурӯҳак ба таъвиқ афтода буд.

Гурӯҳаки “Ҷайш-ул Ислом”, ки мавриди ҳимоят молӣ ва таслиҳотии Арабистони Саудӣ буда ва саркардаҳои он дар Риёз мустақар ҳастанд, аз ибтидои амалиёти артиши Сурия дар минтақаи Ғӯтаи шарқӣ эъломи карда буд, ки «ҳаргиз» ин минтақаро тарк нахоҳад кард.