Муқобилаи падофанди мушакии Сурия бо ҷангафрӯзони ғарбӣ
(last modified Sat, 14 Apr 2018 15:04:03 GMT )
Апрел 14, 2018 20:04 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи падофанди мушакии Сурия бо ҷангафрӯзони ғарбӣ

Вазорати дифои Русия эълом кард, падофанди ҳавоии артиши Сурия, бештари мушакҳои эътилофи ғарбиро, мунҳадим ва аз бархурди онҳо ба аҳдофи мавриди назари муҳоҷимон, ҷилавгирӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Вазорати дифои Русия дар вокуниш ба ҳамалоти таҷовузкоронаи эътилофи ғарбӣ ба Сурия эълом кард, муҳоҷимон ҳудуди 100 мушаки “Круиз” ва ҳаво ба замин шиллик кардаанд.

Дар ин гузориш омадааст, дар ин ҳамла ду киштии ҷангӣ ва дастикам як бомбаафкани амрикоӣ мушорикат доштаанд.

Гузориши вазорати дифои Русия ҳокист, артиши Сурия барои ҳадаф қарор додани ин мушакҳо аз сомонаҳои падофандии S-125 (M-3), S-200 (Sam-5), “Бук” ва “Сом 6” истифода кардааст.

Дар ҳамалоти таҷовузкоронаи Амрико, Фаронса ва Бритониё ба Сурия, бомдоди имрӯз (шанбе), фурудгоҳи Мазаи Димишқ, маркази пажӯҳишҳо дар Барзеҳ (Barzeh)-и Димишқ, Ҷамроё ва Мисёф дар Сурия, ҳадафи ҳамалоти мушакии Амрико қарор гирифт.