Апрел 17, 2018 17:35 Asia/Dushanbe
  • Боздошти тими ҷаллодҳои ДИИШ дар Туркия

Нерӯҳои мубориза бо террори полиси устони Сакарияи Туркия бо ҳамла ба хонаҳои тимии ДИИШ дар ин устон чаҳор нафар аз ҷаллодҳои ДИИШ-ро дастгир карданд.  

Додситони Туркия ба дунболи таҳқиқу тафаҳҳус дар бораи ҳузури тими ҷаллодҳои ДИИШ дар устони Сакария, нерӯҳои полиси мубориза бо террори ин устонро барои муқобила бо ин гурӯҳ гусел кард.

Ин нерӯҳо як тими чаҳорнафара аз ҷаллодҳои ин гурӯҳи террористӣ се мард ва як занро боздошт карданд.

Ин тими диишӣ, ки аз ду шаҳрванди ироқӣ ва ду шаҳрванди сурӣ ташкил шудаанд, аз иқдомоти ваҳшиёнаи худ аз қабили сар буридан ва куштори бераҳмона дар шаҳрҳои таҳти ишғоли ДИИШ дар Ироқ ва Сурия филм таҳия ва дар шабакаҳои маҷозӣ мунташир мекарданд.