Апрел 18, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
  • Мавозеи саудиҳо дар ҷануби ғарби Арабистон зери оташи сангини яманиҳо

Манобеи яманӣ аз ҳамалоти яманиҳо ба мавозеи артиши Арабистон дар Ҷизон ва Наҷрон дар ҷануби ғарби Арабистон хабар доданд.  

Ба нақл аз Спутник, як манбаи низомӣ дар устони Саъдаи Яман эълом кард: Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо мушакҳои катюша ва тупхона мавозеи низомиёни Саудиро дар манотиқи Аболмаз, Алнамшайх ва Ҷаҳфон дар Ҷизон ҳадаф қарор доданд.  

Ин манбаи яманӣ афзуд: Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳамчунин мавозеи артиши Саудӣ ва муздурони вобаста ба Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яманро дар панҷ ноҳия аз Наҷрон ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд.