Башшор Асад: Ҷанг бо терроризм то поксозии комили Сурия идома дорад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i33104
Раисҷумҳури Сурия дар дидори дастёри аршади вазири хориҷаи Эрон дар умури сиёсӣ таъкид кард: Ҷанг бо терроризм то поксозии комили сарзамини Сурия идома хоҳад дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 23, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Башшор Асад: Ҷанг бо терроризм то поксозии комили Сурия идома дорад

Раисҷумҳури Сурия дар дидори дастёри аршади вазири хориҷаи Эрон дар умури сиёсӣ таъкид кард: Ҷанг бо терроризм то поксозии комили сарзамини Сурия идома хоҳад дошт.

Башшор Асад дар дидори Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ, дастёри аршади вазири хориҷаи Эрон дар умури сиёсӣ дар Димишқ гуфт: Таҷовузи ахири Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурия, наметавонд ҷанг бо терроризмро мутаваққиф кунад.  

Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ низ дар ин дидор, далели аслии ҳамлаи мушакии Амрико ва ҳампаймононашро пирӯзиҳои артиши Сурия донист ва гуфт: Мутаҷовизон метарсанд, ин пирӯзиҳо бо ҳамин суръат ва дар манотиқи бештаре идома ёбад.