Паёмадҳои сиёсатҳои террористии Оли Сауд дар Яман
(last modified Tue, 24 Apr 2018 08:53:52 GMT )
Апрел 24, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои сиёсатҳои террористии Оли Сауд дар Яман

Вазорати дифоъ ва ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Яман эълом карданд ба ҷинояти террори Солеҳ ас-Самод раиси шӯрои олии сиёсии Яман посухи муносиб ва кӯбанда хоҳанд дод.

Террори Солеҳ ас-Самод ба ҳамроҳи шуморе аз ҳамроҳонаш ва низ ба хоку хун кашида шудани садҳо тани дигар аз мардуми бедифои Яман дар рӯзҳои гузашта ва ҳамчунин шадидтар шудани муҳосираи ин кишвар аз сӯи Арабистон бори дигар нишон дод, ки кишвари ҷангзадаи Яман ҳамчунон дар конуни шароратҳои Оли Сауд, ба вижа шахси Муҳаммад ибни Салмон тарроҳи ҷанги Яман қарор дорад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико ва чанд кишвари арабӣ аз марти 2015 ба баҳонаи баргардондани Абдирабеҳ Мансур Ҳодӣ раиси ҷумҳурии истеъфокардаи Яман ба қудрат, ба ин кишвар ҳамла карда, аммо бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоӣ ва муҳосираи ҳамаҷонибаи Яман, ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ нарсидааст.

Оли Сауд, ки дар расидан ба аҳдофи худ дар Яман ноком монда, бар шиддати ҷиноёташ афзудааст, то ба наҳве бар шикастҳояш сарпӯш бигузорад ва заминаро барои заиф кардани муқовамати мардуми Яман фароҳам кунад.

Террор ва ҳадаф қарор додани раҳбарони муқовимати Яман беш аз пеш моҳияти террористии режими Саудиро, ки сарманшаи гурӯҳҳои террористӣ- такфирӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст, ошкор мекунад. Иқдомоти террористии Оли Сауд алайҳи муқовимати Яман ёдовари иқдомоти террористии режими Исроил дар террори раҳбарони муқовимати фаластинӣ аст, ки аз навъи ҳамкории густурдаи пушти пардаи байни ин ду режим дар ҳадаф қарор додани раҳбарони муқовимат дар минтақа ҳикоят дорад.

Оли Сауд ба дар баробари пайгирии иқдомоти террористи худ дар Яман, ҷанги равонӣ алайҳи мардуми ин кишварро низ бо ҳадафи тафриқаафканӣ дар ҷабҳаи муқовимат оғоз кардааст, то таваҷҷуҳи афкори умумиро аз ҷиноятҳои ошкори худ мунҳариф кунад.

Аммо ҳушёрии мардум ва мақомҳои Яманӣ дар баробари сиёсатҳои террористӣ ва фитнагароёнаи Арабистон нишон медиҳад, даври нави таҳаррукоти оли Сауд барои тағйири муодилаи ҷанги Яман низ ноком хоҳад монд ва Арабистон беш аз пеш дар ботлоқи худсохтааш фурӯ хоҳад рафт.