ДИИШ 9 нафарро бо арраи барқӣ нисф кард
Август 31, 2016 18:01 Asia/Dushanbe
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Олам, манбае дар шаҳри Мусил рӯзи чаҳоршанбе ба шабака ас-Сумриянюс гуфт: Ин 9 нафар ба василаи арраи барқӣ, ки барои буридани дарахтон истифода мешавад, эъдом шуданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ДИИШ ин ҷавонони муслиро ба далели вобастагӣ ба яке аз гурӯҳҳои муқовамати зидди ДИИШ, ба ду ним кард.
Ҷаллодони ДИИШ пас аз овехтани ин ҷавонон аз як милаи оҳанӣ ба сурати баръакс, дар яке аз майдонҳои Талъафар дар Мусил, ононро ба василаи арраи барқӣ ба ду ним карданд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ дар июли 2014 шаҳр Мусилро ишғол кард, ва аз он замон то кунун ҳазорон нафар аз аҳолии ин минтақаро ба баҳонаҳои мухталиф эъдом кардааст.