Май 01, 2018 10:25 Asia/Dushanbe
  • Намоиши таблиғотии ҷадиди Натаняҳу зидди Эрон

Нахуствазири режими саҳюнистӣ шаби душанбе дар як намоиши таблиғотии ҷадиди зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон бо нишон додани теъдоде аз аксҳо, CD ва коғаз дар баробари дурбини телевизион иддао кард, Эрон барномаи махфии сохти силоҳи ҳастаӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бинёмин Натаняҳу бидуни ишора ба вуҷуди садҳо кулоҳаки атомӣ дар зарродхонаи режими саҳюнистӣ иддао кард, Эрон пас аз имзои БарҶОМ ба ҷаҳон дурӯғ гуфта, талоши худро барои махфӣ кардани барномаи сохти таслиҳоти атомӣ шиддат бахшидааст. Ин намоиши таблиғотии Натаняҳу дар ҳоле аст, ки Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ то кунун борҳо бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таъкид кардааст.

Ин иддаои Натанёҳу билофосила пас аз сафари Майк Помпео, вазири умури хориҷи Амрико ба Фаластини ишғолӣ матраҳ шуд. Ин иддао нишон дод, дасти Трамп холӣ аст ва вай барои хурӯҷ аз БарҶОМ ниёзманди баҳона аст.

Натаняҳу шаш сол пеш низ дар Созмони Милали Муттаҳид бо нишон додани як наққошӣ иддао карда буд, Эрон дар ҳоли расидан ба хати қирмизи дастёбӣ ба бомби ҳастаӣ аст.