Раиси пешини Моссад ҳам иддаои Нетаняҳуро рад кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i33590-Раиси_пешини_Моссад_ҳам_иддаои_Нетаняҳуро_рад_кард
Раиси собиқи Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) ҳам иддаои зиддиэронии нахуствазири ин режимро рад кард.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 03, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
  • Раиси пешини Моссад ҳам иддаои Нетаняҳуро рад кард

Раиси собиқи Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) ҳам иддаои зиддиэронии нахуствазири ин режимро рад кард.  

Дани Ятом ба радиои артиши Исроил гуфт: Асноде, ки Нетаняҳу дар бораи Эрон ироа кард, марбут ба 2015 аст ва нишонае аз нақзи тавофуқи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон дар он дида намешавад.  

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ душанбе шаб, теъдоде акс, диск ва коғазро дар баробари дурбин нишон дод ва муддаӣ шуд, Эрон барномаи махфӣ барои сохти силоҳи атомӣ дорад.