Ончи ки дар бораи Абубакри Бағдодӣ намедонед
Май 08, 2018 16:24 Asia/Dushanbe
Рӯзномаи Алқудс Алъарабӣ, чопи Лондон дар мусоҳиба бо яке аз устодони Донишгоҳи Бағдод иттилооти ҷолиберо дар бораи Абубакри Бағдодӣ, ки донишҷӯи ӯ буда нақл кардааст.
Рӯзномаи Алқудс Алъарабӣ навишт: Муддатҳост, хабаре аз Абубакри Бағдодӣ ба гуш намерасад, аммо ӯ ҳануз сюжети хубе барои расонаҳост.
Аҳмад Алкабисӣ, устоди Донишгоҳи Бағдод дар Ироқ ба Алқудс Алъарабӣ гуфтааст: “Абубакри Бағдодӣ саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ донишҷӯи ман буд, ки ҳамеша охири синф менишаст ва яке аз танбалтарин ва бадтарин шогирдон буд”.
Ин устоди донишгоҳ афзудааст: “Бағдодӣ ҳамеша охири синф менишаст ва ҷиддияте дар дарс хондан надошт”.