Ончи ки дар бораи Абубакри Бағдодӣ намедонед
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i33842-Ончи_ки_дар_бораи_Абубакри_Бағдодӣ_намедонед
Рӯзномаи Алқудс Алъарабӣ, чопи Лондон дар мусоҳиба бо яке аз устодони Донишгоҳи Бағдод иттилооти ҷолиберо дар бораи Абубакри Бағдодӣ, ки донишҷӯи ӯ буда нақл кардааст.  
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Май 08, 2018 16:24 Asia/Dushanbe
  • Ончи ки дар бораи Абубакри Бағдодӣ намедонед

Рӯзномаи Алқудс Алъарабӣ, чопи Лондон дар мусоҳиба бо яке аз устодони Донишгоҳи Бағдод иттилооти ҷолиберо дар бораи Абубакри Бағдодӣ, ки донишҷӯи ӯ буда нақл кардааст.  

Рӯзномаи Алқудс Алъарабӣ навишт: Муддатҳост, хабаре аз Абубакри Бағдодӣ ба гуш намерасад, аммо ӯ ҳануз сюжети хубе барои расонаҳост.  

Аҳмад Алкабисӣ, устоди Донишгоҳи Бағдод дар Ироқ ба Алқудс Алъарабӣ гуфтааст:  “Абубакри Бағдодӣ саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ донишҷӯи ман буд, ки ҳамеша охири синф менишаст ва яке аз танбалтарин ва бадтарин шогирдон буд”.  

Ин устоди донишгоҳ афзудааст: “Бағдодӣ ҳамеша охири синф менишаст ва ҷиддияте дар дарс хондан надошт”.