Ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба Яман ва қатли оми яманиҳо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i3409-Ҳамалоти_ҳавоии_Арабистон_ба_Яман_ва_қатли_оми_яманиҳо
Дар ҷадидтарин ҳамлаи ҳавоии артиши Арабистон ба як минтақаи маскунӣ дар Яман, дастикам 9 зану кӯдак кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2016 14:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба Яман ва қатли оми яманиҳо

Дар ҷадидтарин ҳамлаи ҳавоии артиши Арабистон ба як минтақаи маскунӣ дар Яман, дастикам 9 зану кӯдак кушта шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алмасира"-и Яман, ҷангандаҳои Арабистон субҳи рӯзи ҷумъа хонаи як шаҳрванди яманӣ дар минтақаи "Байти Маррон", дар шимоли Санъо, (пойтахт Яман)-ро бомбаборон карданд, ки бар асари он дастикам чаҳор зан ва панҷ кӯдак кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, омори куштаҳои ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи ҷангандаҳои мутаҷовизи Арабистон ба манзиле маскунӣ дар минтақае дар вилояти Саъда, дар шимоли Яман ҳам ба шонздаҳ нафар афзоиш ёфт. Бештари кушташудагон зан ва кӯдак ҳастанд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Арабистон ҳамчунин панҷшанбешаб шабакаи мухобирот дар минтақаи Қаҳза, аз тавобеи Саъдаро ду бор ҳадаф қарор доданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Арабистон ба фурудгоҳи Ҳадида, дар ғарби Яман ҳам ҳамла карданд.