Май 19, 2018 11:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии Ироқ; Садр дар садр

Эътилофи “Соирун”, вобаста ба Муқтадо Садр, раиси ҷараёни “Садр”-и Ироқ дар натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии Ироқ бо касби 54 курсӣ пирӯз шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал-Маёдин”-и Лубнон, эътилофи “Фатҳ” ба раёсати Ҳодӣ ал-Омирӣ (дабири кулли созмони “Бадр”-и Ироқ) бо 47 курсӣ ва эътилофи “Наср” ба раёсати “Ҳайдар ал-Ибодӣ”, нахуствазири кунунии Ироқ бо 42 курсӣ ба тартиб дар ҷойгоҳи дувум ва севум қарор гирифтанд.

Раҳбари ҷараёни “Садр”-и Ироқ пештар эълом кард, ҳамаи ҷараёнҳои сиёсии пирӯз дар интихоботи парлумонии ин кишвар бо якдигар шарик ҳастанд.

Интихоботи парлумонии Ироқ шанбе, 12-уми майи соли 2018 бо ширкати ҳудуд 11 миллион ироқӣ ва бо мизони мушорикати беш аз 44 дарсад баргузор шуд.

 

Барчасп