Даври ҷадиди боздошти мухолифони оддисозии равобит бо Исроил дар Арабистон
Расонаҳо, ҳуқуқдонон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз даври ҷадиди боздоштҳои режими Оли Сауд, алайҳи мухолифон оддисозии равобит бо режими Исроил хабар доданд.
Ҳуккоми арабӣ бавижа саудиҳо, ки бақои худ дар қудратро ба ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ба хусус Амрико муртабит медонанд, дар ҳоле барои оддисозии равобит бо режими Исроил талош мекунанд, ки ин режими ишғолгар душмани муштараки ҷаҳони Ислом аст.
Ба гузориши рӯзномаи фаромитақавии “ал Қудс ал Арбӣ” ба нақл аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ; Масъулони саудӣ чеҳраҳои ҷадиди мутааддиде, аз ҷумла мардон ва занони фаъол дар ҳавзаи ҳуқуқи башар ва мухолифони оддисозии равобити бо Исроил дар Арабистон, аз ҷумла Муҳаммад Ал Рабиъа, Иброҳим Ал Мадимиғ ва Нура Фақеҳро боздошт карданд.
Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ ал Ғомадӣ, фаъоли арабистонии муқими Англия, гуфт, масъулони арабистонӣ модар ва бародарашро барои беш аз 50 рӯз дар боздошт нигаҳ доштаанд ва ба онон иҷозаи мулоқот намедиҳанд.
Афви байналмилал январи гузашта (2018) бо таъйиди ҳабси ду фаъоли ҳавзаи ҳуқуқи башар дар Арабистон, дар бораи тадовуми сиёсатҳои саркӯби Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар барои хомӯш кардани эътирози ҷомеаи маданӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар, ибрози нигаронӣ карда буд.