Ҳароси саҳюнистҳо аз ҳамлаи мушакии муқовимати Фаластин
(last modified Tue, 29 May 2018 11:18:24 GMT )
Май 29, 2018 16:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси саҳюнистҳо аз ҳамлаи мушакии муқовимати Фаластин

Дар паи ҳамлаи мушакии густардаи нерӯҳои муқовимат ба сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин, нахуствазири режими саҳюнистӣ хостори ташкили нишасти изтирории кобинаи амниятӣ шуд.  

Радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, сомонаи дифои мушакии Гунбади Оҳанин натавониста теъдоде аз мушакҳои шилликшударо раҳгирӣ кунад ва ин мушакҳо ба чандин шаҳраки саҳюнистнишин бархурд кардааст.  

Расонаҳои исроилӣ эълом карданд, муқовимати Фаластин субҳи имрӯз дастикам 22 мушак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллик карда, ки аз замони ҷанги 50 рӯза дар тобистони 2014 чунин ҳамлае собиқа надоштааст.

 

Барчасп