Май 29, 2018 17:24 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши ҷунбиши Ҳамос ба масдум шудани Муҳаммад Салоҳ

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ба масдум шудани Муҳаммад Салоҳ, бозикуни тими миллии футболи Миср ва тими Ливерпули Англия вокуниш нишон дод.  

Фаузӣ Барҳум, сухангуи ҷунбиши Ҳамос гуфт: Мо умедворем, ки бозикуни тавонманд, Муҳаммад Салоҳ ҳарчи сареътар ба майдонҳои варзишӣ бозгардад ва дар Ҷоми ҷаҳонии Русия ба хубӣ бидарахшад.  

Ҷоми ҷаҳонии Русия 14 июн оғоз мешавад ва тими милли Миср бо Русия, Арабистони Саудӣ ва Парагвай ҳамгурӯҳ аст.