Башор Асад: Неруҳои амрикоӣ бояд аз Сурия хориҷ шаванд
(last modified Thu, 31 May 2018 11:45:56 GMT )
Май 31, 2018 16:45 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: Неруҳои амрикоӣ бояд аз Сурия хориҷ шаванд

Раисиҷумҳури Сурия таъкид кард, амрикоиҳо бояд Сурияро тарк кунанд ва аз рафторе, ки дар Ироқ бо онон шуд, дарс бигиранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Башор Асад шомгоҳи чаҳоршанбе шаб ба шабакаи хабарии «Rasha Today» гуфт, бо ҳар пешравии артиши Сурия дар муқобили террористҳо, Амрико, Исроил ва бархе кишварҳои ғарбӣ талош мекунанд, то ҷанг дар Сурия дертар ба поён бирасад.

Ба гуфтаи вай, ин бо ҳимоят аз террористҳо кашондани бештари онон ба Сурия ва ё монеътарошӣ дар раванди сиёсӣ сурат мегирад.

Асад тасреҳ кард, пас аз озодсозии Ҳалаб, Дайр-уз Зур, Ҳимс ва Димишқ, дигар Амрико ва Исроил баргаҳои худро дар Сурия, ки муҳиммтарини онҳо, гурӯҳҳои террористии Ҷабҳатуннусра ва ДИИШ буд, аз даст доданд ва дар пайи баргае дигар, ки ҳамон гурӯҳи «Неруҳои демократии Сурия» аст, баромаданд.

Вай бо таъкид бар озодсозии қатъии манотиқи таҳти тасаллути нируҳои демократӣ хотирнишон кард, дарсурти шикасти музокира бо нируҳои демократии Сурия барои озодсозии манотиқе, ки дар ишғоли онон қарор дорад, аз зӯр истифода хоҳем кард.

Раисиҷумҳури Сурия ҳамчунин эълом кард, бар хилофи иддаоҳои Исроил, фақат мусташорони низомии Эрон дар Сурия ҳузур доранд ва Сурия ба тақвияти дифои ҳавоии худ барои муқобила бо ҳамалоти ҳавоии Исроил идома хоҳад дод.