Июн 02, 2018 18:23 Asia/Dushanbe
  • Риёз Моликӣ: Амрико ба дунболи ташвиқи Исроил ба куштори фаластиниҳо аст

Вазири хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин таъкид кард: Истифодаи Амрико аз ҳаққи вето, масуният додан ба Исроил ва ташвиқ кардани ҷинояткорони ҷангии исроилӣ ба куштори фаластиниҳо аст.  

Риёз Моликӣ, вазири хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин бо ишора ба ветои тарҳи “муҳофизати байналмилалӣ” аз шаҳрвандони фаластинӣ дар Шӯрои амният тасреҳ кард: Ин иқдом як суқути ахлоқии дигар барои Амрико маҳсуб мешавад ва нишон медиҳад, ки давлати ин кишвар ба иҷмои ҷаҳонӣ перомуни ҷиноёти Исроил бетаваҷҷуҳ буда ва онҳоро нодида мегирад.

Асри рӯзи гузашта, қатъномаи пешниҳодии Кувайт, ки хостори расидагӣ ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ шуда буд, бо вуҷуди 11 раъйи мувофиқ бо ветои Амрико аз дастури кори Шӯрои амният хориҷ шуд.

 

Барчасп