Сентябр 04, 2016 18:59 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ занони таҳти амри худ дар Либияро маҷбур мекунад, ҳамсарони худро ба хотири ин гурӯҳ талоқ диҳанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Алолам", асноде, ки ба тозагӣ аз шаҳри Сурти Либия, пойгоҳи собиқи афроди ДИИШ ба даст омада, нишон медиҳад, ки ин созмони террористӣ ба заноне, ки ҳамсаронашон аз хидмат ба ДИИШ худдорӣ мекунанд, дастур медодааст, ки фавран аз ҳамсаронашон талоқ бигиранд ва бо афроди вафодортар издивоҷ кунанд.

Пойгоҳи "Би Би Си"-и арабӣ навишт, ин аснод, ки ба ҳамроҳи садҳо санади дигар дар мақарри полиси шаръии Либия ба даст омада, нишон медиҳад, ки заноне бо тобеияти либиёӣ, нигерияӣ ва тунисӣ аз ҳамсарони худ ҷудо шудаанд то бо афроди ДИИШ издивоҷ кунанд.

Яке аз ин аснод мутааллиқ ба зане ба номи "Умми Мориё" аст, ки қозӣ далели талоқашро худдории шавҳар аз пайвастан ба ДИИШ ва бӯйи бади даҳон зикр кардааст.

 Санади талоқи дигаре, мутааллиқ ба зане ба номи "Умми Марям" нишон медиҳад, ки далели талоқаш рӯгардонии ҳамсар будааст.

Ин аснод нишондиҳандаи гӯшае аз зиндагии рӯзонаи мардуми Сурти Либия дар сояи ташкилоти террористии ДИИШ аст.

Эҳтимолан ҳудуди ҳазор зан қабл аз пас гирифтани ин шаҳр тавассути нерӯҳои давлатӣ, дар ташкилоти ДИИШ зиндагӣ мекардаанд.