Июн 19, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
  • Охирин хабарҳо аз таҳаввулоти ғарби Яман

Як манбаи низомӣ аз нобудии анбори таслиҳоти мутаҷовизони Саудӣ ба дасти нерӯҳои муқовимати Яман дар устони Алҳудайда дар ғарби ин кишвар хабар дод.  

Як манбаи низомӣ эълом кард, нерӯҳои муқовимати Яман анбори таслиҳоти мутаҷовизонро дар ҷануби минтақаи Алдариҳмӣ дар Алҳудайда мунҳадим карданд, ки ба дунболи оташсӯзии ин анбор чандин инфиҷор рух дод.  

Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман пештар низ аз қатъ шудани хутути имдодрасонӣ ба муздурон дар манотиқи Алдариҳмӣ ва Алмаҷлис дар соҳили ғарби Алҳудайда хабар дода буданд.  

Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман ҳамчунин маҳалли таҷаммуи низомиёни Саудӣ дар ғарби Маҷоза дар минтақаи Асир дар ҷануби Арабистонро ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он, теъдоде аз низомиёни Саудӣ ба ҳалокат расиданд.  

Ҳамчунин ҳамалоти мушакӣ ва тупхонаии эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба манотиқи маскунӣ дар минтақаи Розиҳ дар устони Саъда шиддат ёфтааст.

Хабари дигар аз Яман инки уламои устони Алҳудайда душанбе дар нишасте фарогир, ба даст гирифтани силоҳро барои муқобила бо ҳамлаҳои хориҷӣ воҷиб донистанд ва эълом карданд: Дифоъ аз кишвар бо истифода аз ҳамаи абзорҳои машруъ дар муқобила бо ин ҳамалот, ки бо ҳадафи ишғоли Яман сурат мегирад, зарурӣ аст.