Ансоруллоҳи Яман: Набарди Алҳудайда дурӯғҳои Арабистонро ошкор кард
(last modified Fri, 22 Jun 2018 13:19:56 GMT )
Июн 22, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳи Яман: Набарди Алҳудайда дурӯғҳои Арабистонро ошкор кард

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт: Набарди Алҳудайда набарди сарнавиштсози мардуми Яман ва мутаҷовизони ишғолгари Саудӣ ва муздурони онҳо аст.

Зайфуллоҳ Шомӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Алмаёдин бо ишора ба иддаои мутаҷовизон дар бораи ишғоли бандари Алҳудайда зарфи чанд соат ва ба роҳ андохтани ҷанги расонаӣ зидди Яман, гуфт: Ситоди таблиғоти ҷанги Яман бо намоиши тасовире аз фурудгоҳи Алҳудайда дурӯғҳои расонаии мутаҷовизони Саудӣ ва ҳампаймононашонаро фош ва воқеиятҳои ин набардро ошкор кард.

Вай афзуд: Мутаҷовизони этилофи Саудӣ ҳар замон, ки дар майдони рӯёрӯӣ бо мардуми Яман шикастеро мутаҳаммил мешаванд, саъй мекунанд арзиши муқовимати мардуми Яманро пойин биоваранд, дар ин замина ҳамвора алайҳи Эрон иттиҳомҳоеро матраҳ мекунанд.

Зайфуллоҳ Шомӣ ҳамчунин гуфт: Умедворем виҷдони ҷаҳон дар мавзӯи таҷовузи Арабистон ба Яман, бедор шавад.

Дар ҳамин ҳол, ситоди иттилоотии ҷанги артиши Яман тасовири ҷадиде аз дафъи ҳамлаи муздурони Саудӣ ба фурудгоҳи Алҳудайда ва нобудии худравҳои мутаҷовизон мунташир кард.

Этилофи мутаҷовизи Саудӣ аз 13 июн ҳамлаҳои густурдаеро барои ишғоли бандари Алҳудайда, ғарби Яман оғоз кардааст.

Бандари Алҳудайда аслитарин масири ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Яман аст.