Июн 26, 2018 17:35 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди муҷаддади Сурия аз ҳимояти Амрико аз ДИИШ

Намояндаи доими Сурия дар Созмони милал бор дигар аз Амрико ба далели ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ аз аносури ДИИШ ва омӯзиши онҳо интиқод кард.

Башор Алҷаъфарӣ дар нишасте дар Шӯрои амният дар бораи авзои Ховари Миёна гуфт: Амрико тасҳилоти лозимро дар ихтиёри аносури ДИИШ қарор медиҳад, то ба ҳамалоти худ алайҳи артиши Сурия идома диҳанд.

Вай афзуд, Амрико ҳамчунон то ҳамин имрӯз, аносури мусаллаҳ ва террористҳоро дар 19 маркази ишғолшуда дар дохили Сурия, омӯзиш медиҳад.

Намояндаи доими Сурия дар Созмони милал идома дод, Амрико аз 22 пойгоҳи низомии худ дар хориҷ аз Сурия ҳамчунон ба террористҳо силоҳ, сӯхт ва маводи ғизоӣ мерасонад ва кумакҳои лозимро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад.

Асноди кашфшудаи фаровоне дар манотиқи озодшуда аз тасарруфи террористҳо дар Сурия нишон медиҳанд, ки Амрико ҳамчунон дар ҳоли ҳимояти ҳамаҷониба аз онҳо аст.