Сентябр 05, 2016 18:57 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани шуморе кӯдак дар ҳамалоти Арабистон ба Яман

Дар ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба манотиқи мухталифи Яман, шуморе кӯдак кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи шабакаи телевизионии ал-Олам, дар ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои Арабистон ба мадрасае дар минтақаи ал-Ҳима ал-Хорҷияи устони Санъо ва минтақа ал-Наҳдин дар ҷануб пойтахт, дасти кам ду кӯдак кушта ва шуморе захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба чанд манзил дар минтақаи Боқим, устони Саъда (шимоли Яман) низ 9 нафар кушта ва 14 нафар захмӣ шуданд.

Низомёни Оли Сауд бахшҳое аз қисми ҳарбии Каҳлон дар устони Саъдаро низ тахриб карданд.

Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман ҳам дар посух ба ҳамалоти мутаҷовизони Саудӣ, як қисми ҳарбӣ дар Наҷрон (марзи Арабистон бо Яман)-ро бо мушак ҳадаф қарор доданд.

Хабар дигар аз Яман ин ки ҳафт нафар аз аносури гурӯҳи террористии Алқоида дар ҳамлаи ҳавоӣ ба манотиқи ҷануби Яман ба ҳалокат расиданд.

Устонҳои ҷанубии Яман дар пайи таҷовузи Арабистон ба ин кишвар, дучори ҳарҷу марҷ шудааст.

Арабистон бо эътилофи бархе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳамроҳии Амрико, аз марти 2015 ҳамалоти густурдаеро ба Яман оғоз кард, то Мансур Ҳодӣ-раисиҷумҳури мустаъфии Яманро ба қудрат боз гардонад.

Бар асари ин ҳамалот, токунун ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар кушта ва захмӣ шудаанд.