Июл 01, 2018 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати шуморе аз муздурони Саудӣ дар Яман

Нерӯҳои мардумӣ ва артиши Яман дастикам се мошини муздурони Саудиро дар бархе манотиқи устони Алҷавфи шимоли Яман мунҳадим карданд ва ҳамаи сарнишинони онро ба ҳалокат расонданд.

Артиш ва нерӯҳои мардуми Яман бо шиллики мушак ба яке аз мавозеи муздурони Саудӣ дар устон Лаҳиҷи ҷануби Яман, теъдоде аз муздуронро захмӣ карданд.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳамчунин яке аз мавозеи муздурони Саудиро дар шимоли минтақаи Алфоза дар ҷануби устони Алҳудайда зери оташ гирифтанд, ки дар ин ҳамла теъдоде аз ишғолгарон маҷрӯҳ шуданд.