Сентябр 05, 2016 20:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Сурия

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ мавозеи артиши Сурияро дар Қунайтара- ҷанубу ғарби ин кишвар бомбаборон карданд.

Ба гузориши хабаргузории Қудс, Ситоди ҷанги артиши Сурия бо судур баёниае эълом кард, якшанбешаб як адад ҳавопаймои бидунисарнишини артиши режими саҳюнистӣ ба чанд мавзеи артиши Сурия дар иртифооти Тал-ал-Шиъор дар Қунайтара ҳамла кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе манобеи хабарӣ низ аз ҳамалоти ҳавоии режеми саҳюнистӣ ба мавозеи артиши Сурия наздики хатти Ҳоил бо баландиҳои ишғолии Ҷавлон хабар додаанд.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ пештар муддаӣ шуданд, ки як хумпора аз дохили хоки Сурия ба самти сарзаминҳои ишғолӣ дар баландиҳои Ҷавлон партоб шудааст.

Пештар ҳам нерӯи ҳавоии режими саҳюнистӣ як маркази мутааллиқ ба артиши Сурияро ҳадаф қарор дод.

Режими саҳюнистӣ ҳамкории густурдае бо террористҳои мустақар дар Сурия, бавижа дар ҷануби ин кишвар ва дар навори марзи Ҷавлони ишғол шуда дорад ва террористҳои захмӣ дар ҷанги Сурия низ пас аз мудово дар бемористонҳои Исроил, омодаи идомаи ҷанг дар Сурия мешаванд.