Июл 03, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Бозшумории дастии натоиҷи интихоботи парлумонии Ироқ

Комиссияи олии интихоботи Ироқ эълом кард, шумориши дастии орои интихоботи парлумонӣ аз имрӯз оғоз мешавад.

Лайс Ҷабар Ҳамза, сухангуи Комиссияи олии интихоботи Ироқ дар баёнияе эълом кард, оғози шумориши дастии оро бар асоси тавофуқоти ба дастомада дар нишастҳои ин комиссия таи рӯзҳои 28 то 30 июн сурат мегирад.  

Вай афзуд: Дар ин нишастҳо, масоили марбут ба тадобири амалии шумориши дастии оро тибқи қонуни ислоҳоти қонуни интихоботи парлумонӣ маврид баҳсу баррасӣ қарор гирифт.  

Сухангуи Комиссияи олии интихоботи Ироқ тасреҳ кард, амалиёти шумориши дастии оро аз имрӯз дар марокизи интихоботии ҳамаи устонҳои Киркук, Сулаймония, Эрбил, Даҳук, Найнаво, Салоҳиддин ва Аланбор оғоз хоҳад шуд ва шумориши дастии оро дар бақияи устонҳо низ бар асоси замоне, ки комиссия мушаххас хоҳад кард, сурат хоҳад гирифт.

Додгоҳи Қонуни асосии Ироқ ба унвони муҳимтарин ниҳоди қазоии тафсири қонуни асосии ин кишвар 21 июн мувофиқати худро бо тарҳи лағви натоиҷи интихоботи хориҷ аз кишвар ва шумориши дастии 10 дарсади кулли орои интихоботи парлумонии ин кишвар эълом кард.

 

Барчасп