Июл 04, 2018 13:25 Asia/Dushanbe
  • Твиттер, саҳифаҳои раҳбарони ҲАМОС ва Ҳизбуллоҳро масдуд кард

Шабакаи иҷтимоии Твиттер бино ба хости режими саҳюнистӣ ҳисоби корбарии раҳбарони Ҷунбиши Муқовимати исломии Фаластин(ҲАМОС) ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро масдуд кард.

Ба нақл аз хабаргузории ИРНО, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе эътироф кард бо ирсоли руйхатте барои мудирони Твиттер аз онҳо хостааст, то ҳисобҳои шахсии 40 узви баландпояи Ҷунбиши ҲАМОС ва аъзои баландпояи Ҳизбуллоҳи Лубнон баста шавад.

Гилад Эрдан дар саҳифаи Твиттери худ бо эътироф ба ҳароси режими саҳюнистӣ аз бодбодакҳои оташзои неруҳои Муқовимат навишт дар ҳоле, ки ҲАМОС бодбодакҳои оташзо ба ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ мефиристад ва Ҳизбуллоҳ аз шимол Исроилро таҳдид мекунад бояд ҳамаи ҳисобҳои вобаста ба ин ду ҷунбиш дар Твиттер баста шавад.

Бар асоси ин гузориш Исмоил Ҳания, Холид Машъал, Иззат Алрашқ, Ҳисом Бадрон, Салоҳи Албардавил, Фавзӣ Барҳум, Усома Ҳамдон ва Сомӣ Абузаҳрӣ аз аъзои баландпояи ҲАМОС ва ҳамчунин шайх Наъим Қосим муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҷумла ашхосе ҳастанд, ки ҳисоби Твиттери онҳо масдуд шудааст.

Фейсбук дар ибтидои соли 2018 саҳифаҳои мутаъллиқ ба як сад нафар аз фаолони фаластиниро масдуд кард ва моҳҳо қаблтар аз он низ саҳифаи 200 фаластиниро ба иттиҳоми таҳрик алайҳи режими саҳюнистӣ баст.