Июл 05, 2018 12:26 Asia/Dushanbe
  • Созмони иттилооти Ироқ ҳалокати писари Албағдодиро таъид кард

Ба гузориши шабакаи Алъолам, Созмони иттилооти Ироқ бо интишори баёнияе кушта шудани писари Абубакр Албағдодӣ -саркардаи гуруҳи ваҳҳобии саҳюнистии ДИИШ дар вилояти Ҳумси Сурияро таъкид кард.

Созмони иттилооти Ироқ таъкид кард бар хилофи иддаои террористҳои ДИИШ, писари Абубакр Албағдодӣ дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи душанбеи ҷангандаҳои Русия дар вилояти Ҳумс дар маркази Сурия ба ҳалокат расидааст.

ДИИШ рӯзи сешанбе дар канали телеграмии хабаргузории Аъмоқ вобаста ба ин гуруҳ элом карда буд Ҳузайфа Ал Бадрӣ(Huzaifa Al Badri) яке аз писарони Абубакр Албағдодӣ дар ҳамлаи аносури ин гуруҳ ба вилояти Ҳумс дар маркази Сурия кушта шудааст.

ДИИШ дар канали телеграмии худ аксе аз Ҳузайфа Ал Бадрӣ бо либоси афғонӣ ва муҷаҳҳаз ба клашинкоф мунташир ва таъкид кард Ал Бадрӣ дар ҳамлаи интиҳории аносури гуруҳ дар неругоҳе дар вилояти Ҳумс кушта шуд.

Созмони иттилооти Ироқ афзуд дар қароргоҳи террористҳои ДИИШ камаш 30 тан аз саркардаҳои ин гуруҳ ва муҳофизони Ал Бадрӣ ҳузур доштанд.Ҷангандаҳои Русия рӯзи душанбе се мушаки ҳушманд ба тарафи қароргоҳи аносури ДИИШ дар Ҳумс шиллик карданд ва камаш 11 тан аз террористҳо аз ҷумла Ҳузайфа Ал Бадрӣ дар ин ҳамла кушат шуданд.

Ин манбаъи баландпоя ба дастгоҳи иттилоотии Ироқ гуфт: Писари Ал Бағдодӣ дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои ироқӣ дар хоки Сурия дар (22-уми июн) ҷони солим ба дар бурда буд, аммо яке аз ҳамроҳони ӯ ба номи Саъуд Муҳаммад Ал Курдӣ ба Абу Абдуллоҳ домоди Абубакр Албағдодӣ ба ҳалокат расид.

Як масъули ироқӣ аввалҳои моҳи майи гузашта эълом кард Абубакр Албағдодӣ, ки хабари кушта шудани ӯ токунун чандбор эълом шуда ба эҳтимоли бисёр зиндааст ва дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои миёни Сурия ва Ироқ ҳузур дорад.

Масъули ироқӣ афзуд Албағдодӣ ба таври пинҳонӣ ва ба ҳамроҳи чаҳор то панҷ нафар аз ҷумла писар ва домодаш ва низ Абу Зейд Алироқӣ ва фарди ношиноси дигаре дар ин минтақаҳо рафту омад мекунад.