Июл 07, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати режими Баҳрайн бо сафари дармонии шайх Қосим ба хориҷи кишвар

Вазири умури хориҷаи Баҳрайн эълом кард, подшоҳи ин кишвар бо сафари шайх Исо Қосим ба хориҷ аз кишвар барои мудово мувофиқат кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Холид ибни Аҳмад оли Халифа дар “Твиттер” навишт; “Ҳамд ибни Исо оли Халифа, подшоҳи Баҳрайн пас аз тамоюли шайх Қосим ва назари пизишкони вай, дастур дод шароити лозим барои фиристодани ӯ барои дармон фароҳам шавад”.

Дар рӯзҳои ахир хабарҳои зиёде дар хусуси вахомати ҳоли шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади Баҳрайн, ки дар боздошти хонагӣ ба сар мебарад, мунташир шуда буд.

 Режими оли Халифа бо бекор кардани шаҳрвандӣ ва муҳокимаи шайх Исо Қосим аз июни соли 2016 , минтақаи Аддароз - маҳалли сукунати ин олими диниро муҳосира кардааст ва ҳатто аз иқомаи намози ҷумъаи мардуми Баҳрайн дар ин минтақа мамониат мекунад.

Баҳрайн аз 14-уми феврали соли 2011 шоҳиди инқилоби мардум зидди режими Оли Халифа аст.

Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолат ва рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоме мунтахаб дар кишварашон ҳастанд, аммо режими Оли Халифа барои хомӯш кардани шӯълаи эътирозоти мардуми ин кишвар шумори зиёде аз раҳбарони мухолифро боздошт ва бо парвандасозӣ ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кардааст.

Баҳрайн ба унвони кӯчактарин кишвари ғарби Осиё бино бар эъломи манобеи ҳуқуқи башарӣ, дорои бештарин зиндонии сиёсӣ аст.

 

Барчасп