Таътили шабакаи моҳвораии фаластинӣ аз сӯйи режими саҳюнистӣ
(last modified Tue, 10 Jul 2018 08:15:39 GMT )
Июл 10, 2018 13:15 Asia/Dushanbe
  • Таътили шабакаи моҳвораии фаластинӣ аз сӯйи режими саҳюнистӣ

Режими саҳюнистӣ дар идомаи нақзи ҳуқуқи мардуми Фаластин рӯзи душанбе пахши барнома аз шабакаи моҳвораии фаластинии "Қудс"-ро дар сарзаминҳои ишғолшуда (Исроил) мамнӯъ кард.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии "Маъан", ба нақл аз манобеи саҳюнистӣ, ба мӯҷиби ҳукми содирашуда шабакаи моҳвораии “Қудс” ҳаққи пахши барнома дар Қудс ва сарзаминҳои ишғолии соли 1948-ро нахоҳад дошт.

Авигдар Либерман, вазири ҷанги режими ишғолгари Қудс бо хатарнок хондани фаъолиятҳои ин шабака муддаӣ шуд, ин тасмим бо тавсияи Созмони иттилоот ва амнияти дохилии Исроил ва дафтари ҷанги иқтисодӣ алайҳи терроризм анҷом шудааст.

Имод Алфаранҷӣ, мудири дафтари шабакаи моҳвораии “Қудс” дар вокуниш ба ин иқдоми саҳюнистҳо афзуд, ин шабака иқдомоти саҳюнистҳо дар нақзи ҳуқуқи мардуми Фаластинро бармало месохт ва ҳамин амр мӯҷиби нигаронии Телавив шудааст. Анҷумани рӯзноманигорони Фаластин ҳам бо маҳкум кардани мамнӯияти фаъолияти шабакаи моҳвораии “Қудс” ва эҳзори бархе кормандони он аз сӯйи мақомҳои исроилӣ дар баёнияе таъкид кард, ин иқдоми Телавив дар сояи як барномаи мунсаҷим барои сонсури ҳақиқат ва сарпӯш гузоштан ба таҷовузоте аст, ки Исроил дар ҳаққи мардуми Фаластин муртакиб мешавад.

Мақомҳои режими саҳюнистӣ чанде пеш низ фаъолияти шабакаҳои "Фаластин алявм", шабакаи "Алақсо" ва бархе аз радиоҳои дохилии Фаластинро мамнӯъ ва шуморе аз рӯзноманигорону асҳоби расонаи фаластиниро ба далоили воҳӣ боздошт карда буданд.