Рафтори Иморот дар зиндонҳои махфии Яман, ҷинояти ҷангӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i36576-Рафтори_Иморот_дар_зиндонҳои_махфии_Яман_ҷинояти_ҷангӣ_аст
Созмони афви байналмилал эълом кард, рафтори муздурони вобаста ба Иморот бо афроди боздоштшуда дар зиндонҳои махфӣ дар Яман, ҷинояти ҷангӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 12, 2018 16:16 Asia/Dushanbe
  • Рафтори Иморот дар зиндонҳои махфии Яман, ҷинояти ҷангӣ аст

Созмони афви байналмилал эълом кард, рафтори муздурони вобаста ба Иморот бо афроди боздоштшуда дар зиндонҳои махфӣ дар Яман, ҷинояти ҷангӣ аст.

Созмони афви байналмилал дар гузориши ҷадиди худ ба нақзи ҳуқуқи башар дар зиндонҳои сирри Иморот дар Яман ишора ва эълом кард, бояд дар ин замина таҳқиқи фаврӣ оғоз шавад.

Дар гузориши Созмони афви байналмилал омадааст, нерӯҳои таҳти ҳимояти Иморот дар Яман сиёсати шиканҷа дар зиндонҳои сирриро дунбол мекунанд.